Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ дар қисмҳои низомии шаҳри Бӯстон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр таҳти унвони “Корвони ватандӯстӣ” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии зикршудаи шаҳри Бӯстон як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, аёдати модарон ва рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Ҳайати иштирокдорон аз назди маҷмааи варзишии шаҳр то қисмҳои низомӣ роҳпаймоӣ намуданд. Баъдан дар толори қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарон, волидайн ва ҷавонони синну соли даъватӣ доир гардид. Нахуст раиси шаҳр кулли собиқадорону хизматчиёни баору нанги Артиши миллиро бо 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи хизмати хубу бобарор бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар ҳақиқат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи тавоно ва пуриқтидори ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва муҳофизи дастовардҳои истиқлолият, оромиву суботи кишвар табдил ёфтааст.
Мавсума Муинӣ ба сарбозону афсарони шуҷои Ватан ҷиҳати хизмати сарбаландона ба нафъи давлату миллат изҳори сипосмандӣ баён намуда, аз ҷавонони синну соли даъватӣ баҳри пайвастан ба сафи Артиши миллӣ даъват ба амал овард.
Комиссари ҳарбии шаҳри Бӯстон полковник Далер Солеҳзода оид ба марҳилаҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду камоли Артиши миллии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, ҷавонони матиниродаро ба хизмати бобарору садоқатмандона ба нафъи давлату миллат даъват намуд.
Сипас, як қатор сарбозони шуҷои Ватан барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоид дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандии хешро баён намуда, зикр доштанд, ки ба савганди садоқати худ содиқ хоҳанд монд.
Дар идома дар толори қисмҳои низомӣ суҳбати пирони рӯзгордида, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон ва ҷавонони синну соли даъватӣ доир шуд.
Бо баргузории барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг “Корвони ватандӯстӣ” ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат маҷлиси тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қисмҳои низомии шаҳр барномаҳои фарҳангӣ бо оростани дастурхони идона дар заминаи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.