Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд

21-уми феврали соли 2023 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки Меҳрон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳирҷон Толибзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта шуд: «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд».
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ироаи табрикоти худ қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо душвору таърихӣ ҳанӯз 30 сол қабл бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар буда, дар тӯли 30 - соли бунёдаш озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва ҳифзи ҳамаи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Сипас ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ ба чанде аз роҳбарони сохторҳои қудратӣ, афсарону сарбозон ва афроде ки дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас доранд, туҳфа ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.