21 феврали соли ҷорӣ дар дар толори Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ - атомии Чернобил, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, Шарифҷон Ахмедов - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид. Таъкид карда шуд, ки «дар зарфи сӣ сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист».
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода низ афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва ба як қатор роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вазъи тантанавӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.