21 феврал дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни мақомоти қудратӣ, сарбозон ва фаъолон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 – юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба самъи ҳозирин расонд.
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд. Хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.
Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳозиринро бо 30 – юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки таъсиси Артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд, пайки саодат ва умедворӣ барои расидан ба рўзҳои неку осоишта мебошад. Зеро ҳар лаҳзаву замон афроди хиёнатпешаву фирефташуда бо истифода аз неруҳои радикалию экстремистии хориҷӣ болои миллат ҳуҷумҳои мусаллаҳонаву идеологӣ бурда, хостори маҳви давлати ҷавон буданд. Вале Артиши миллии кишвар таҳти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат тавонист, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон паёми иршод диҳад ва садои сулҳро ба оламиён бирасонад.
Бо таваҷҷўҳи пайваста айни замон Артиши миллӣ амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намуда истодааст. Зеро, бо қудрату тавоноӣ ва омодагии комил Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо бо садоқату мардонагӣ вазифаи пурмасъули хешро иҷро менамоянд. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд.
Сипас ба як қатор кормандони мақомоти қудратӣ ва собиқадорони соҳа туҳфа ва медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Аз ҷониби аҳли санъат барномаи фарҳангӣ пешниҳод ва табъи ҳозирин болида гардид.