Артиши миллӣ-кафили соҳибистиқлолии Ватан - баргузории маҳфили телевизионӣ дар шаҳри Бӯстон

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ-кафили соҳибистиқлолии Ватан» дар тарабхонаи "Бӯстон"-и шаҳри Бӯстон маҳфили телевизионӣ доир гардид.
Маҳфил бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва телевизиони вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар кори маҳфил муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд полковник Исмоил Раҳимзода, афсарону сарбозони қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ, 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҳарбӣ, ҷавонон - гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи раиси шаҳр, модарони аскарон, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст, муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд полковник Исмоил Раҳимзода оид ба саҳми Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии кишвар ва ба мактаби мардонагиву шуҷоат ва ҳимоятгари воқеии марзҳои муқаддаси Ватан табдил ёфтани Артиши миллӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгириву роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қисмҳои низомии Гарнизони Суғд шароити мусоиди хизмат муҳайё гардида истодааст.
Собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарон, модарони сарбозон, ҷавонон ва фаъолон, шоиру нависандагон оид ба 30 — солагии таъсиси Артиши миллӣ, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии мамлакат, шароити хуби қисмҳои низомӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ибрози андеша намуда, ҷавононро даъват намуданд, ки ба Ватани хеш содиқона хизмат кунанд.
Дар идомаи маҳфил як қатор сарбозон, волидон ва собиқадорон бо сипоснома, нишони сарисинагии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва кулли иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.