21 феврал дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил гардид.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода афсарону сарбозон ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси кишвар, тамомияти арзӣ, амнияту оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки Артиши миллӣ дар давраи басо душвору сангин ва бе заминаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил карда шуд, вале дар як муддати кӯтоҳ дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал шуд.
Бояд зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони синни даъватӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ, қарзи фарзандӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд барои таҳкими пояҳои Артиши миллӣ, яъне омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ аз самими дил ва бо камоли садоқат саҳмгузорӣ намоем.
Саидимомхӯҷа Акбаров, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зимни суханронӣ паёми табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, иброз дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.
Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Сипас, ба як зумра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва варзишгарон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, даъвати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаву медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.