Дастаи шаҳри Конибодом ғолиби даври вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" гардид

Дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, такмили дӯстӣ байни хонандагон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисëбии Артиши миллӣ даври минтақавии озмуни вилоятии ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" баргузор шуд.

Озмун аз рӯйи 5 бахш - машқҳои сафкашӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи гражданӣ, тирпарронӣ ва ҷо ба ҷо намудани автомати тамғаи Калашников ҷамъбаст гардид. Даври вилоятии озмун рӯзи 20.02.2023 дар Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баргузор гардид.
Дар озмун раиси Кумитаи вилоятии Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Суғд полковник Собирзода Ҷурахон Мирзокарим ва муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов Сайфулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар озмун 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи шаҳри Конибодом, ҷойи дуюм насиби дастаи шаҳри Истаравшан ва чойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид.
Ҳамаи ғолибон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.