Сокинони Истаравшани бостонӣ Иди Садаро ҷашн гирифтанд

Ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад.

Ба хотири арҷгузорӣ ба ҷашнҳои милливу куҳан 26 январи соли 2023 дар саҳни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили ин иди бостонӣ интихоб шуда буд, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ намоиши маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронии хеш сокинонро бо фарорасии ҷашни Сада шодбош гуфта, баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрўз расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст". Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Дар ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи шаҳр намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ҷашни Сада пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд