28 январ дар Хуҷанд Иди Сада таҷлил мешавад

28-уми  январи соли 2023 дар майдони назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Иди Сада таҷлил карда мешавад.

Дар доираи таҷлили Иди Сада ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, намоиш-фурӯши тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва намоиши маҳсули дастии ҳунармандони вилоят гузаронида мешавад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд маҳсулот ва тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд