Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Исфара         

Дар  шаҳри Исфара ҷашни аҷдодӣ - иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар боғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр намоиши олоти кории деҳқонӣ ва техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ташкил гардид, ки ифодагари  омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд.

Маҳсули ҳунарҳои мардумии  ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.

Ҷашни Сада аз ҷашнҳоест, ки аҷдодони мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва онро рӯзи расидан ба гармиву рӯзи нек меҳисобиданд. Туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷашну маъракаҳо ва оину русуме, ки солиён аз байн рафта буд, дубора эҳё гардид. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада амсоли ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҷлил карда мешавад.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Дар анҷом барномаи фарҳангӣ, ки тарғибгари сулҳу ваҳдат, дӯстдории Ватан ва табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд