Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2002 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, аъзои кумиҷроия, вакилони маҷлисҳои вилоятии Маҷлиси вакилони халқ, собиқадорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, регламент ва рӯзномаи кори ҷаласа гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2002 ва вазифаҳо барои соли 2023-ро шуниданд. Дар баромади мавсуф зикр шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб ҷиҳати боз ҳам хубтар талқин намудани ғояҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлили вазъи иқтисодиву сиёсӣ, дастовардҳо дар самти татбиқи амалии чор ҳадафи стратегӣ, беҳтар намудани пояи моддиву техникии ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби сифатии аъзо, баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ кумиҷроияи вилоятӣ борҳо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро мавриди назарсанҷӣ қарор дод. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ин ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули аъзо ба ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра барои қабул ба аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони соҳибмаърифату ватандӯсти қаламрави вилоят эътибори махсус дода шуда, шумораи аъзои ҳизб дар вилоят ба миқдори 8363 нафар зиёд гардид. Яъне ба ҳолати 20-уми декабри соли 2022 он ба 165793 нафар расид, ки аз он 94314 нафар (56,8%)-ро занҳо ва 65383 нафар (39,4%)-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар самти зиёд намудани сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич, Ашт, Б.Ғафуров, Исфара, Бӯстон, Конибодом ва Айнӣ саҳми назаррас дошта, дар ин давра кумиҷроияи Хуҷанд – 1794 нафар, Деваштич – 965 нафар, Ашт – 950 нафар, Б.Ғафуров – 794 нафар, Исфара – 686 нафар, Бӯстон – 667 нафар, Конибодом – 650 нафар ва Айнӣ – 611 нафар сафи аъзои ҳизбро зиёд гардониданд. Номбурда дар идомаи гузориш оид ба татбиқи амалии вазифагузориҳои Раиси муаззами ҳизб, нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат, зиёд намудани сафи аъзо аз ҳисоби фаъолони ҷомеа- ҷавонон ва занон, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҳамкории мутақобила бо ВАО, пурзӯр намудани фаъолияти гуруҳҳои кибердружина, ҷавоби қотеъона додан ба мақолаҳони иғвоангез, таъсиси мактаби захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияҳо ба раисони кумиҷроияҳо, мудирони шуъбаҳои занон, ҷавонон, таблиғот вазифаҳои мушаххас гузошт.
Зимни музокира раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Панҷакент Мурод Шукурзода, Конибодом Азим Бобоҷонзода ва Деваштич Равшаной Маъмурзода дар бораи корҳои анҷомдода дар давраи фаъолият гузориш доданд. Таъкид гардид, ки бо роҳнамомии Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб ва кумиҷроияи вилоятӣ фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар қиёс ба солҳои пешин тақвият ёфта, обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа боло рафта истодааст.
Дар баромади Даврон Зоҳидзода баён шуд, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо кумиҷроияи вилоятӣ самар оварда, саҳм ҳизбиён дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ хеле калон буда, маҳз бо талошу корбариҳои аъзои фаъоли ҳизб пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардида, коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Мавсуф ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ҷавонон, занон, гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дастурҳои мушаххас дода, баён дошт, ки дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ бояд мақсад ва мароми ҳизбиён бошад.
Асрор Латифзода аз тадбирҳои рӯи кор овардаи Кумиҷроияи вилоятӣ дар мавриди баргузории аксияи ҷумҳуриявии Албом – Эстафета ва конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, баргузории рӯзҳои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, эълони ҳафтаи аввали ҳар моҳ – ҳафтаи корҳои тақвиятбахши дар ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳандозии озмуни беҳтарин кумиҷроия, шуъба ва ташкилоти ибтидоӣ, таъсиси Ҷоиза барои беҳтарин асарҳо, мақолаҳои таърихӣ, суханварӣ, санъат изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати амалишавии вазифагузориҳои Раиси муаззами ҳизб дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Марказӣ, ислоҳи вазъ дар қабули аъзо, зиёд намудани теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, тақвиятбахшии пояи моддиву техникӣ, барасмиятдарории биноҳои маъмурии ҳизбӣ, бо ҷалби собиқадорони ҳизбӣ мақсаднок гузаронидани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, коҳиши пошхӯрии оилаҳо, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, шунидани ҳисоботӣ вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҷаласаҳои раёсату кумиҷроия, кор бо харитаи сиёсӣ ва дар ин замина омодагӣ ба интихоботи навбатӣ дастурҳои судманд дод.
Дар идомаи кори ҷаласа аъзои кумиҷроия нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати ташвиқу тарғиби Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ, нақшаи корӣ барои соли 2023-ро тасдиқ намуданд.
Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд