Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 16 январи соли 2023, №17 Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ба имзо расид.
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда аз 54 банд иборат буда, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор шудаанд, ки барои таъмини иҷрои нақша тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати тадбирҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд, чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд