13 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҷиҳати амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” зикр гардидаанд” бо иштироки хизматчиёни давлатӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, аъзои гуруҳҳои тарғиботиву ташвиқотии маҳаллӣ вобаста ба омӯзиши моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ машварат доир гардид.
Дар кори машварат декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборзода ширкат намуд.
Нахуст, роҳбари шаҳр иброз дошт, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мушаххас намудани нақшаву барномаҳо барои соли оянда ва солҳои минбаъда чун анъана Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи мамлакат ироа мегардад. Дар ин замина бо натиҷагирӣ аз фаъолияти бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2022 ва мушаххас намудани вазифаҳо барои соли 2023 ва дурнамои муайян Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.
Дар идома декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборзода нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат”-ро шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда оид ба сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ба такя ба Паём андешаронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба расонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони касбу кори гуногуни шаҳр нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо таъсис додани 2 гуруҳҳои корӣ дар ҳайати роҳбарияти шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, олимону донишмандон, устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва фарогирии 15 банд таҳия гардида, тибқи он баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр пешбинӣ шудааст.
Боиси зикр аст, ки то ин дам дар шаҳри Бӯстон бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як қатор мулоқоту суҳбатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гуруҳҳои тарғиботиву ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр доир гардида, ин тадбир бомаром идома хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд