Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2023» доир мегардад

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2023» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Озмуни мазкур бо дастгирии роҳбарияти вилоят ҳамасола бо мақсади дарёфти донишҷўёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил гардида, донишҷӯёни беҳтарину пешқадам бо туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ мешаванд.

Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони даври аввал ва даври сеюм миёни ғолибони даври дуюм сурат гирифта, баррасӣ, баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз ҷониби ҳайати комиссия анҷом дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд