5 январ дар толори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ва Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов бо интихобкунандагон роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт. Роҳбари шаҳр изҳор дошт, ки ҳамасола бо мушаххас намудани нақшаву барнома ва вазиҳои мақомоти давлатӣ дар рушди босуботи Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои ҳаёти босаодат ва ҳуҷҷати барномавӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод.
Номбурда изҳор дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – таҷлили 25 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, фарогири рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди босуботи кишвар ва дигар масоил дар рушди Тоҷикистони азиз андешаҳои хешро баён дошт.
Баъдан сокинон Моҳира Шарифова, Хушнуд Темиров, Қаҳҳор Ҷабборов, Мухтор Бобоҷонов, Рустам Ёрматов барои ба самъи сокинон расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқот бо интихобкунандагон ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон изҳори сипосмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро баҳри амалигардонии нишондиҳандаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва расидан ба рӯзгори хушу хуррами сокинон равона хоҳанд намуд.
Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ аз кулли сокинон ва иштирокдорони мулоқот ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди босуботи кишвар, амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд