Дар Истаравшан дар мавзӯи "Паём роҳнамои мост!"​ мулоқот доир гардид

3 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Абдуҷаббор ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ, инчунин таблиғотчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, Мавлуда Шарифзода ва Муҳаммадҷон Шарифов доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Паём-роҳнамои мост!" бо фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, зиёиён, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ходимони дин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мулоқотро оғоз намуда, доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша кард ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷ соли оянда муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Дар идома, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ, таблиғотчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илми таърих Муҳаммадҷон Шарифов суханронӣ намуда, зимни ташреҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат зикр доштанд, ки Паёми навбатӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст. Бо ёдоварӣ аз нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2022 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд. Дар мулоқот фаъолон аз ҷумла, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, намояндагони самти тандурустӣ, маориф ва дар умум фаъолони шаҳр изҳор доштанд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору фаъолит қарор дода, барои амалӣ гардидани супоришҳои дар Паём зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд