Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Мирзоанвар Аҳмедов бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакилони парлумони мамлакат мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба парлуми кишвар ва кулли мардуми диёр 23 - уми декабри соли 2022 ироа гардид, ба фаъолони ноҳия​ шарҳ доданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия, иштирок доштанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки Паёми ироагардида ҳуҷҷати стратегие мебошад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таккони ҷиддӣ мебахшад. Зеро дар он Пешвои миллат, ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки ин дастур барои пешрафти кишвар, махсусан некӯаҳволии ҷомеа мусоидат менамояд. Дар як навбат тамоми ҷомеа низ барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет вобастагии амиқ доранд. Чунки тамоми пешрафт ва зиндагии ободу осоишта аз самараи меҳнати якҷоя ба даст меояд.

Вакилон оид ба ҳар як самт нуктаҳои муҳими Паёмро тавзеҳ дода, иброз доштанд, ки ҳадафҳои ба миёнгузошта ба зиндагии боз ҳам шоистатар раҳнамун месозад ва моро месазад, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, дар татбиқи Паём, ки ин барномаи мукаммали амал, ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Дар идома Алишер Раҳматов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии№31 ва Маъруф Акбарзода, раиси Ташкилоти ҷамъияти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ҳамовозии сокинони ноҳияро дар татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» расониданд.

Хадамоти матбуоти

 Раиси вилояти Суғд