Вохӯрии гуруҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Ашт ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат

3 январ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир гардид ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон, собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон ба сокинони ноҳия доир ба нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари давлат маълумот доданд.

Таъкид карда шуд, ки  соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Вохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ бо аҳолии ноҳияи Ашт идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд