Вокуниш ба гузориши "Дар Суғд нархи ангишт боло рафт...", ки дар хабаргузории "Азия плюс" нашр шудааст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маводи "Дар Суғд нархи ангишт боло рафт. Сабаб - марзи баста бо Қирғизистон"-ро, ки дар хабаргузории "Азия плюс" интишор ёфт, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин гузориш медиҳад:

Тибқи маълумоти оморӣ имрӯзҳо дар вилоят 7 корхона, аз ҷумла, ҶСК “Ангишт” дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, КФ “Шахтаи Фон Яғноб”, ҶДММ “Талко ресурс”, воҳиди махсуси ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” дар ноҳияи Айнӣ, ҶДММ “Сиёвуш”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Қудрат 2010” дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба истихроҷи ангишт машғул мебошанд.

Дар конҳои ангишти вилоят дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1,7 млн тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 165,1 ҳазор тонна зиёд буда, ба 110,7 фоиз баробар мебошад.

Корхонаҳои истихроҷи ангишти вилоят дар баробари қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ба ангишти хушсифат, инчунин ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ангишти худро интиқол дода истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз миқдори умумии ангишти истихроҷшуда 34,5 фоиз аз ҷониби КФ “Шахтаи Фон Яғноб”, 30,1 фоиз аз ҷониби ҶДММ “Талко ресурс”, 22,9 фоиз аз ҷониби воҳиди махсуси ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” ва 6,7 фоиз аз ҷониби ҶСК “Ангишт” истихроҷ карда шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти вилоят нархҳои фурӯши ангиштро бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунанд. Тибқи маълумоти раёсати зиддиинҳисории вилоят айни замон нархҳои фурӯши ангишт дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилоят дар сатҳи ибтидои соли 2022 муқаррар карда шуда, тағйир наёфтааст.

Ба ҳолати 15-уми декабри соли 2022 дар ҳудуди вилоят аз шаҳри Хуҷанд сар карда то деҳаҳои дурдасти кӯҳистон 554 нуқтаи фуруши ангиштсанг амал менамояд, ки аз он 194 адад нуқтаҳои доимӣ ва 360 адад нуқтаҳои сайёри фурӯши ангиштсанг мебошад. Дар нуқтаҳои фурӯши ангишт 5,9 ҳазор тонна бақияи ангишт мавҷуд мебошад. Имрӯзҳо дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш миқдори зарурии ангиштсанг мавҷуд буда, нархи он барои 1 кг вобаста ба сифати ангиштсанг аз 40 дирам то 1,2 сомонӣ мебошад. Нархҳои баландтари ангишт асосан барои ангишти воридотӣ, ки аз кишварҳои ҳамсоя ворид карда шудааст, вобастагӣ дошта, он дар сохтори умумии истифодабарии ангишт ҳиссаи ночизро дорад.

Чунончӣ, тибқи маълумоти раёсати гумрукӣ дар вилоят давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 92,2 ҳазор тонна ангишт ба маблағи умумии 4,5 млн доллар аз хориҷи кишвар ворид шудааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки миқдори ангишти воридшуда ба 5,4 фоизи миқдори ангишти дар вилоят истихроҷшуда баробар мебошад.

Дар ин давра дар ҳамбастагӣ бо КВД “Ангишти тоҷик”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка - фурӯши ангишт дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ баргузор ва дар он 1000 тонна ангишт бо нархҳои яклухти корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти вилоят ба фурӯш бароварда шуд. Гузаронидани чорабинии мазкур минбаъд низ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки роҳбарияти вилоят дар ҳамбастагӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади саривақт омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигарҳо) ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 раванди захиранамоии ангиштро таҳти назорати қатъӣ қарор дод. Дар натиҷа, 17684 тонна ангишт дар муассисаҳои соҳаи маориф, 5720,6 тонна ангишт дар соҳаи тандурустӣ ва 347 тонна ангишт дар соҳаи фарҳанг захира карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд