20 декабр иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад.
Ба баррасии иҷлосияи навбатӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2022;
-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 29 декабри соли 2021, №265 «Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2022»;
-дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2023;
-ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Чоркуҳ», №10 Раҷабов Савриддин оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
-дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии алоҳида;
-дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум;
-дар бораи ташкил намудани комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум;
-тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд