Нигоҳи иҷмолӣ ба мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо

Мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон: ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, ки ҳафтаи сипаришуда дар аксари нашрияҳои кишвар интишор гардид, воқеан саривақтист. Зеро воқеияти баҳсҳои марзӣ бо ҷониби Қирғизистон, ки дар мақола хеле муфассал, ҳаматарафа ва бо истинод ба далелу арқом маҷоли баррасӣ ёфтааанд, имкон медиҳад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳият ва мавқеи Тоҷикистон оид ба ин масъала ба хубӣ огоҳ гарданд. Албатта оид ба ин масъала аз ҷониби коршиносон, рӯзноманигорон, муҳаққиқон, муаррихон... дар расонаҳои чопию электронӣ мақолаҳои хубу таҳлилии зиёде ба нашр расида буданд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар масъалаи ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ аз арзиш ва ҷойгоҳи хосе бархурдоранд. Аммо мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо ба назари ман аз чанд дидгоҳ шоистаи таваҷҷӯҳ аст:
1. Муаллиф тамоми ҳуҷҷатҳо, санаду далелҳои таърихии ба мавзӯъ алоқамандро гирд оварда, омӯхта, ҳазм карда, сипас ба таълифи мақола иқдом намудааст.
2.    Моҳияти ҳар ҳуҷҷат беғаразона, олимона, муҳаққиқона ва асоснок таҳлил ва баҳогузорӣ шудааст.
3.  Овардани воситаҳои аёнӣ (харитаи солҳои гуногун), ки барои дарки дурусти  масъала ба хонандагон кӯмак мекунад, арзиши амалии мақоларо боз ҳам бештар намудааст.
4. Бо забони содда таълиф гардида, фаҳму дарки он ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа мувофиқ мебошад.
5. Муҳимтар аз ҳама, ин мақола барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа вобаста ба баҳсҳои миёни кишвари мо ва ҷониби қирғиз мусоидат менамояд, онҳоро дар муборизаҳои идеявӣ ва ҳимояи манофеи кишвар омода месозад, зеро аксари мардум аз ҳақиқати таърихии ин масъала ба таври кофӣ огоҳ нестанд.

Тоҷибой Султонзода,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят