Аксияи вилоятӣ таҳти унвони "Парчами миллӣ-нишонаи бақои давлат"

24-уми ноябри соли равон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ширкати таксии “Максим”  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи вилоятӣ  таҳти унвони “Парчами миллӣ - нишонаи бақои давлат” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур 200 адад нақлиёти ширкати “Максим” бо насби Парчами давлатӣ аз назди  муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-и маркази вилоят роҳпаймоӣ намуданд.     Маросими расмии чорабинӣ  бо иштироки беш аз 1000 нафар дар ин мавзеи зебо доир шуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирокдронро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар фарҷоми аксияи вилоятӣ ба иштирокчиёни фаъол аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сипоснома тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд