Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад.
Чорабинии вилоятӣ рӯзи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида, дар назар аст, ки дар он теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.
Ҳамзамон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоии идона сурат гирифта, иштирокчиёни раҳпаймоӣ аз ду самт – аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва Маркази дилшиносии вилоят ҳаракат карда, дар майдони Парчам сарҷамъ мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




