11 ноябри соли равон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур арҷгузорӣ ба нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат, бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад.
Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз фикру андешаҳои худро иброз намуд.
Ҳамчунин, дар кори конференсия вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, профессор, мудири шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдулманнон, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз ва профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара Қозиён Шариф Қозӣ андешаҳои худро бобати Иҷлосияи тақдирсоз баён доштанд.
Дар идомаи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст, ки яке аз чорабиниҳои меҳварии он ин баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” мебошад. Аксияи мазкур бо мақсади ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон гузаронида шудааст.
“Албом-эстафета” аз 12 сентябр то имрӯз ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сайри сиёсиву маънавӣ намуда, барои мустаҳкам намудани равобити дӯстии сокинони кишвар боз як бори дигар такони ҷиддӣ бахшид. “Албом эстафета”-и мусаввар чун бузургтарин оиннаи корномаи Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи қасри таърихию фарҳангии “Арбоб” эҳдо хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




