Дар Исфара дар мавзӯи "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

9-уми ноябри соли 2022 дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки олимону донишмандон, намояндагони мақомоту идораҳоро ба ҳам овард.

Дар конференсия меҳмонон - узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Карима Ҳакимова, муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, ходимони давлатию сиёсӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова ва Мирзошариф Исломиддинов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсуфов ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ бо маърӯзаҳои илмии «Нақши иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ» директори филиал н.и.и. Холиқзода М.Ғ., “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иҷлосияи тақдисоз” муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён М.А., “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқароршавии сулҳи тоҷикон” ходими давлатию сиёсӣ Савриддинова Г.С., «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон» ходими давлатию сиёсӣ Исломиддинов М.И., «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳадафҳои стратегии кишвар» дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, н.и.ф. Сангинова Р.И., «Нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлолият ва рушди босуботи Тоҷикистон» раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г. суханронӣ намуданд.

Кори конференсия то 12-уми ноябр дар чор бахш идома меёбад ва 72 мақолаи илмии пешниҳодшуда рӯзҳои наздик дар шакли китоб нашр мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд