Рӯзҳои 7, 8 ва 9 ноябр як гуруҳ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл ба вилояти Суғд омаданд.
Соҳибкорони турк бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳибкорӣ, омӯзиши фазои сармоягузорӣ ба вилоят омаданд. Қабл аз ин як гуруҳ соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз минтақаҳои гуногуни Туркия боздид намуда, аз сармоягузорони турк дархост карда буданд, ки ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
8 ноябр соҳибкорони турк дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" дар бизнес-форум ширкат варзида, бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ зимни иштирок дар кори форум меҳмононро ба "Водии имкониятҳо" хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сол аз сол зиёд гардида истодааст. Анвар Яъқубӣ изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи соҳибкорони турк барои таҳкими равобити иқтисодӣ мусоидат мекунад ва соҳибкорони ду кишвар дар амалӣ намудани тарҳҳои муштарак ташаббус нишон медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд барои рушди соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Дар ин раванд вилояти Суғд ҳавасманди густариши робитаҳо бо шарикони рушд аст.
Ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба бунёди корхонаҳои нав, ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ ва технологияи пешрафтаи истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда имкон фароҳам овард, то дар амали шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳм гузошта шавад. Бино ба маълумоти мавҷуда ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ба 2 млрд 300,1 млн. доллар баробар гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 143,1 фоиз таъмин шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани имконоти мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ танҳо давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи қариб 172 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, аз ин маблағ наздик 154 млн. доллар сармояи хориҷӣ мебошад.
Имрӯз дар вилояти Суғд як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти назаррас доранд ва умед аст, ки теъдоди чунин корхонаҳо боз ҳам афзоиш ёбад.
Меҳмонон низ ҳавасмандии худро барои амалишавии лоиҳаҳои нав баён дошта, таъкид карданд, ки давоми чанд рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд.
Бояд гуфт, ки меҳмонон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов шинос гардида, бо соҳибкорони тоҷик дидору мулоқот анҷом додан. Меҳмонон ҳамзамон бо имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ низ ошно гардида, аз минтақаҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихии вилояти Суғд боздид намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд