Дар Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2022» доир мегардад

Азназаргузаронӣ: 210

Соли 2022 миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2022» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас доир шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 -и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонон иштирок намоянд.

Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони давраи аввал ва даври ниҳоӣ миёни ғолибони даври дуюм тибқи шартҳои озмун ҷараён мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд