Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Истаравшан ҳамоиши идона доир шуд

4 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиёи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонон ва фаъолон ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Зикр гардид, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ, дар рӯҳияи инсондӯстиву хештаншиносӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва дар фазои сулҳу ягонагӣ истиқбол мегардад.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфтанд ва ба ҳамагон хушбахтиву хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдорро орзу намуданд.

Ба муносибати ҷашн як қатор фаъолон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, Конститутсия, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд