Дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи Конститутсияро ҷашн гирифтанд

4 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам овардааст.

“Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд”,-иброз дошт дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Сипас, сардори Раёсати Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, зикр намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст.

 Таъкид гардид, ки дар марҳалаи кунунӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст он аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош намоянд.

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо суруди таронаҳои дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд