Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ – таҳкимбахши пояҳои Истиқлол” баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро ба муносибати санаҳои фархундаи дарпешистода табрику муборакбод намуд.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рӯзибой Раҳимзода дар мавзӯи “Нақши Иҷлосия дар таҳкими сулҳу ваҳдат” суханронӣ карда, аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, ёдовар шуда, ҳодисаҳои ҳамон солҳо ва вазъи вазнини охирҳои садаи ХХ-ро бори дигар ба хотир овард. Қайд гардид, ки маҳз пас аз интихоби дуруст дар ҳамон ҷаласаи тақдирсоз тоҷикон роҳи ояндаи худро муайян намуда, таҳти роҳбарии марди ҷасуру тавоно ва ояндасози халқу миллат ва давлати навин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои беназири таърихӣ ноил гаштанд.
Сипас, собиқадорони меҳнат Гулчеҳра Саъдуллоева Одинамуҳаммад Ниёзқулов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва якчанд фаъолону занон ва ҷавонон суханронӣ намуда, дар мавзӯҳои “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ”, “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи заррини таърихи тоҷикон” ва амсоли инҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




