Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Кормандони ташкилоту идораҳо дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, даромадгоҳи шаҳр ва шафати роҳҳои протоколӣ ниҳолҳои навъи серени ҳиндӣ, липа, магнолӣ ва дигар навъҳои дарахтони ороиширо шинониданд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода низ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзида, барои зебову хуррам намудани шаҳр ба масъулинт авсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд