Дар доираи омодагиҳо ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон" конфронс баргузор гардид, ки дар он доираи васеи хизматчиёни давлатӣ, собиқадорон, омӯзгорону ҷавонон иштирок намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Бобораҷаб Бобоев ва Шириншо Шафоатов иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ зимни суханронӣ аз нақши ин Иҷлосияи таърихӣ дар пойдорӣ ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон, барқарор намудани сулҳу салоҳ, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва заминагузорӣ барои рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ Бобораҷаб Бобоев ва Шириншо Шафоатов дар суханрониашон аз вазъи муташанниҷи сиёсии замони баргузории ин иҷлосия, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ – сардори давлат, ёд намуда, мавқеи устувори сиёсӣ ва хидмати бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани низоми давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат дар даврони истиқлол махсус таъкид доштанд. Дар суханронии ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Муаззамхон Ансорӣ ин маънӣ бо далел ва мисолҳои мушаххас аз даврони баъди ин иҷлосияи таърихӣ таъкид шуд.
Тибқи нақшаи омодагиҳо ба 30- солагии баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо низ баргузории чунин конфронсҳо, нишасту ҳамоишҳо пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд