27 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - анҷумани тақдирсоз!” баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, занону ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Муталибзода Зумрад Муталиб кори конфренсияро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари кишвар интихоб шуданд ва ин абармарди арсаи сиёсат бо талошҳои шабонарӯзӣ ба кишвари мо сулҳ оварданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол рушд карда, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусаминов Абдуҳаким, муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳматуллоев Садриддин баромад намуданд ва зимни баромади пурмуҳтавои худ оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ суханронӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд