Семинари омӯзишӣ: Мутобиқ кардани барномаи мактабӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта

Ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд барои омӯзгорони 12 синфхонаҳои захиравии вилояти Суғд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти фарогир. Мутобиқ кардани барномаи мактабӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта” баргузор гардид.

Семинар  аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш ин шинос намудани иштирокчиён бо мафҳуми таҳсилоти фарогир, саҳми омӯзгорон дар пешбарии таҳсилоти фарогир, мутобиқ кардани барномаи таълимӣ бо назардошти эҳтиёҷи кӯдакони маъюбиятдошта мебошад.

Дар давоми се рӯз иштирокчиён тариқи усулҳои интерактивии кор дар гурӯҳҳои хурд, муаррифӣ, бозиҳои нақшбозӣ, лексия аз мавзӯи семинари омӯзишӣ бархурдор шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд