Шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2022, № 364 "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2022" қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 15 сентябри соли 2022, №210 "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2022" ба тасвиб расида, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва  роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Бӯстон яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.

Фаъолияти дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати тирамоҳӣ мусоидат намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи баҳории соли равон низ ҷавонони шаҳри Бӯстон чун имрӯз сарбаландона яке аз аввалинҳо шуда 26 апрел нақшаи даъватро дар ҳудуди вилоят иҷро намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд