27 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ба вилояти Суғд ташриф меорад.
Зимни сафари корӣ дипломати ҷопонӣ аз ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен боздид карда, дар назар аст, ки бо роҳбарияти вилоят низ дидору гуфтугӯ кунад.
Сафир ва ҳамроҳонаш ҳамзамон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷопон, ки соати 18- и рӯзи 27 октябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир мешавад, иштирок менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд