Дар Хуҷанд таъмири пули асосӣ оғоз ёфт

25 октябр дар шаҳри Хуҷанд таъмири пули асосии мошингузар, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, оғоз ёфт.

Пули мошингузар, ки беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дорад, 60 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошта, ба таъмир ниёз дошт.

Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул ҷараён гирифта, дар назар аст, ки қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шавад. Фармоишгари корҳои таъмирӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии корҳо ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" мебошад.

Сокинон то ба анҷом расидани корҳои таъмири аз роҳҳои ҳамшафат истифода мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд