ПАЙВАНДИ ИХТИРООТ БО ИСТЕҲСОЛОТ

Дар меҳмонхонаи «Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд семинармашварат дар мавзӯи “Пайванди ихтироот бо истеҳсолот” баргузор шуд, ки дар он мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот, устодони донишгоҳҳо ва ихтироъкорону соҳибкорони вилоят ширкат варзиданд.

Дар оғози семинар‐машварат муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, вақти он расид, ки олимону ихтироъкорони вилоят корҳои воқеии татбиқшавандаро интихоб карда, дар пешбурди истеҳсолот ҳисса гузоранд.

Сипас, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Соатулло Шарипов дар мавриди мафҳуми ихтироъ ва тартиби бақайдгирии он афзуд, ки олимону ихтироъкорони ҷавон дар баъзе маврид байни обеъктҳои ихтироъ ва объектҳое, ки ихтироъ маҳсуб намеёбанд, фарқ гузошта наметавонанд. Зимнан, тартиби ба даст овардани патент ва нахустпатент 3 амалро дар бар мегирад, аз ҷумла пешниҳоди ариза, экспертизаи расмӣ ва экспертизаи моҳиятӣ хеле муҳим дониста мешавад.

Дар қисмати асосии семинар‐машварат ихтирооти як зумра олимон, ба монанди устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аҳмадҷон Домуллоҷонов бо ихтирои «Дастгоҳи хушккунаки офтобӣ», Раҳим Назаров ва Фирӯза Мирзоқобилова бо ихтирои «Коллектори офтобӣ – панел барои гарм намудани биноҳо ва иншоот» ва устоди Донишкадаи кӯҳӣ‐металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҳаёт Раҳимов бо ихтирои «Тарзи коркарди консентрати сулфидии сурмадори фаъолгардидаи механикӣ» муаррифӣ гардид.

Дар қисми ҷамъбасти машварат муҳокимаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда сурат гирифт. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба мутахассисон тавсия дода, гуфт, ки паҳлӯҳои илмию иқтисодии лоиҳаҳоро ба таври густурда бозомӯзӣ кунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд