Сафари гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!" ба вилояти Суғд

Сафари гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар вилояти Суғд рӯзи 21 октябр дар Хуҷанд идома ёфт.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр таҳти садои карнаю сурнай муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Нуруллозода ва роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд пешвоз гирифтанд.

Гурӯҳи меҳмонон ба сӯи Осорхонаи вилояти Суғд равон шуданд. Онҳоро дар фазои идона бо нону намак як гурӯҳ ҷавонони вилояти Суғд хуш истиқбол намуданд.

Сипас меҳмонон аз «Осорхонаи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд. Директори осорхона Иброҳим Иброҳимов ба онҳо аз таърихи пайдоиши осорхона маълумоти мухтасар дод.

Бояд зикр кард, ки аксарияти ҷавонони минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ки бори аввал ба вилояти Суғд омада буданд, аз зебоиҳои шаҳри Хуҷанд ба ваҷд омада, аз дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат шукргузорӣ намуданд.

Меҳмонон аз Маркази ҷавонон- «Қасри Лоиқ Шералӣ» низ боздид намуданд. Дар толори ин марказ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Доир ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки воқеан он анҷумани тақдирсози миллат буда, роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз ин фард ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Ҳамин эҳсоси баланди худшиносии миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода аз дастовардҳои ҷавонон дар муддати 31 соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, ҷавонони ҷумҳуриро ба қавитар гардонидани робитаҳои дӯстӣ ва рафоқат даъват намуд.

Сипас меҳмонон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтанд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Б.Ғафуров ҷавонони минтақаҳои ҷумҳуриро роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери садои карнаю доира гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон аз мавзеи Қасри Арбоб, ки Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он баргузор гардида буд, дидан намуда, аз он таассуроти калон бароштанд. Барномаи консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор шуд, ки меҳмонон рақсу сурдхонӣ намуданд.

22 октябр, дар рӯзи сеюми сафар гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мастчоҳ рафтанд.

Меҳмононро ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода дар назди Муҷассамаи рамзии «Пахтаи шукуфон» бо нону намак истиқбол гирифт. Меҳмонон ба тамошои боғи фарҳангию фароғатии ноҳия рафта, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Ҳамчунин меҳмонон дар тамошои мусобиқаи футболи хурд бахшида ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Ориёнбонк» ва «Барқ»-и ноҳия иштирок намуданд.

Дар идомаи сафар ҷавонон дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат- раҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон», ки дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор шуд, ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш зиёда аз 1000 нафар ҷавонону фаъолони ноҳия ва 120 нафар ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

23 октябр ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ бо таассуроти калон ва рӯҳи болида ба зодгоҳашон баргаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд