Аз 17 то 22 октябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор мешавад.
Вакилони мардумӣ бо фаъолон ва меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба бандҳои алоҳида ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи суҳбату вохӯриҳояшон бо интихобкунандагон ҳамчунин роҷеъ ба Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил мегардад, мулоқот анҷом медиҳанд.
Чунин як мулоқот дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода 17 октябр дар МТМУ №29-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ доир ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди низоми идоракунии давлат ва дигар ҷанбаъҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сухан рафт.
Аз ҷумла таъкид карда шуд, таърих бо гузашти замон собит сохт, ки миллати тоҷик дар интихоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хато накардааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ интихобкунандагон доир ба мушкилоти худ ба вакил муроҷиатҳо намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд