Аёдати сарбозон аз ҷониби модарон ва занҳои собиқадор

Дар асоси нақшаи чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 октябри соли 2022 аёдати сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати кор бо занон ва оила, модарон ва занҳои собиқадор ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, афсарону сарбозони Гвардияи миллии 051056-и шаҳри Бӯстон, қисми ҳарбии 0214-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, қисми ҳарбии 3501-и шаҳри Хуҷанд, қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қисми ҳарбии 0202-и ноҳияи Зафаробод, қисми ҳарбии 0230-и ноҳияи Спитамен, қисми ҳарбии 0203-и шаҳри Панҷакент, қисми ҳарбии 0202-и шаҳри Истаравшан, қисми ҳарбии 0216-и ноҳияи Ашт ва қисми ҳарбии 14356-и ноҳияи Мастчоҳ аёдат карда шуда, барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин, меҳмонон аз шароити зисту зиндагонӣ ва хурду хӯроки сарбозон дидан намуда, бо онҳо сӯҳбат карданд.      

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд