Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Нахуст маърӯзаи муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли 2022 ироа гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, нўҳ моҳи соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 1074,8 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 117,1 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27,1 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар 9 моҳи соли равон 16 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 544,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,1 млн. сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 136 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 55 намуд ё 40,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.
Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳр ҳиссаи муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он дар ин давра ба 2 миллиарду 653,6 миллион сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 1081,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он мутаносибан ба ҳар як сари аҳолӣ 13,3 ҳазор сомонӣ ва 5,4 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар ин давра баҳри беҳдошти дастрасии аҳолии шаҳр ба соҳаи хизматрасонӣ 20 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 76 маротиба ярмарка-фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда шуда, 4 ҳазору 630 тонна маҳсулотҳо ба фурўш бароварда шуданд.
Дар раванди густариши муносибатҳои иқтисодӣ, муомилоти савдои беруна мавқеи хос дошта, нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи ҳисоботӣ 197,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он ҳиссаи содирот 37,7 миллион доллар, ҳиссаи воридот бошад 159,8 миллион долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин гардидаанд.
Натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 102,1 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 102,4 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 8,7 млн. сомонӣ ва 4,4 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид.
Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 102,0 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 3,0 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд