Дар Панҷакент маросими гусели даъватшавандагон баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

Дар саҳни майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба ин муносибат ҳамоиш доир шуда, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода таъкид дошт, ки хидмат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як ҷавонмард аст ва хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби ватандорию мардонагӣ унвон кардаанд.

Дар ҳамоиш даъватшавандагон ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки хидмат ба Ватанро онҳо бо амри дил, ба хотири ҳифзи марзу бум ва осмони осоиштаи кишвар интихоб кардаанд ва ин ба ҳар ҷавонмард бояд ҳам қарз ва ҳам фарз бошад. Волидони даъватшавандагон, собиқадорони меҳнат ба наваскарон барои хидмати шоиста ва  садоқатмандона ба Ватан фотиҳаи нек доданд.

Барои  ҷавонон ва ҳозирин ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи саднафара ба хидмати ҳарбӣ  санъаткорони шаҳр барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд