Мусобиқа оид ба баскетбол миёни донишҷӯдухтарон

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир шуд, ки дар он 5 даста фаъолона иштирок карданд.

Дар мусобиқа дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид. Дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистгон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тағрибу ташвиқи баскетбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни бонувон баргузор шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд