100 нафар ҷавонони ноҳияи Ашт ба хизмати Ватан рафтанд

3 октябр дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли равон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 -2004» 100 нафар ҷавонони меҳанпарасту шуҷоъ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат намуданд.

Роҳбари ноҳия баён дошт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Модари даъватшаванда Мунира Сатторова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон  иброз намуд, ки «имрӯз мо, модарон бояд бо амри дил ва  сари баланд ба фарзандони худ баҳри ҳимояи марзу буми Ватан дуо диҳем, то онҳо қарзи фарзандии хешро содиқона иҷро намоянд».

Аз тарафи раиси ноҳияи Ашт ба як гурӯҳ фаъолон ва падару модарон сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Дар охир барномаи хуби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд