3 октябри соли 2022 дар ноҳияи Спитамен маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, даъватшавандагон ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода наваскаронро барои хидмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ сухан гуфт.
Иттилоъ дода шуд, ки 130 нафар наваскарон ба Артиши миллӣ сафарбар гардида, ҳамакнун барои иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш камари ҳиммат бастаанд.
Раиси ноҳия афзуд, ки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ва эҳтиром ба арзишҳои милливу оиладорӣ тарбият мекунад.
Аз номи даъватшавандагон Назаров Ҳақназар сухан карда, иброз дошт, ки бо садоқат хизмати Ватанро ба ҷо меоранд.
Ҳамзамон, ба як гурӯҳ ҷавонон, ки курсҳои ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд