100 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба оилаҳои зарардида ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни гусели ҷавонон таъкид дошт, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба сокинони наздимарзӣ бетараф нест ва мунтазам тадбирҳои имконпазирро ба роҳ монда истодааст.
Дар доираи ин иқдом ҷавонони донишгоҳ ҳашари ободонӣ гузаронида, ба мардуми зарардида ҷиҳати тоза намудани оқибатҳои муноқишаи марзӣ кӯмак мерасонанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд