Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

30 сентябр бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ҳамоиш вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, масъулини сохторҳои вилоятӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Тибқи санадҳои қабулгардида ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад.

Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рӯза фароҳам оварда шуд.

Дар доираи ин чорабиниҳо бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн www.evisa.tj раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Ҳамчунин аз 1 январи соли 2022 барои 52 мамлакати дунё тартиби низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ гардид, ки барои ҷалби бештари сайёҳӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Дар чорабинӣ масъулин  масъалаҳои мубрами соҳаро тариқи саволу ҷавоб якҷо бо иштирокчиёни ҳамоиш муҳокима намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани имкониятҳои хизматрасонии минтақа манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд