Баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрсозӣ ба ҳисоб рафта, Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ба такмили донишҳои маъмурии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои бо таҳсили дарозмуддат ва кутоҳмуддат фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ чораандешӣ менамояд.
Аз соли 2009 инҷониб дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ » фаъолият менамояд.
Айни замон тибқи ҷадвали баргузории имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи таҳсилоти яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои соли таҳсили 2023 имтиҳонҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардидаанд.
28 сентябри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вилояти Суғд бо иштироки Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Абдухалил Ғафурзода- ректори Академияи идоракунии давлатӣ, Анвар Яъқубӣ- муовини Раиси вилояти Суғд имтиҳон барои дарёфти магистрантон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии ниҳодҳои идоракунии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд