26 сентябри соли 2022 ба корҳои мумфаршкунии роҳи асосии деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан оғоз бахшида шуд.
Мавриди зикр аст, ки мумфаршкунии роҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ амалӣ гардида истодааст.
Дарозии роҳ 2,8 километр буда, паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. Фармоишгар раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" интихоб гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳи мазкур мақоми байниноҳиявӣ дошта, сокинони якчанд деҳаҳои ноҳияи Деваштич низ аз ин роҳ истифода мекунанд ва тули чанд солҳо дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор дошт.
Корҳои ҳамворкунии роҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва сокинони деҳоти Нофароҷ амалӣ карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд